
Ҳамдиёрони азиз, Шуморо бо фарорасии иди саиди фитр ва фарорасии Наврузи оламафруз табрику муборакбод намуда, бароятон аз даргоҳи Худованди Карим сулҳу амонӣ, умри дарози бобаракат, тансиҳативу хотирҷамъи, зиндагии осудаву босаодат ва амалишавии орзуву армонҳоятонро таманно менамоем. Умедворем, ки тамоми тоату ибодат, хайру эҳсон, корҳои неку савобе, ки дар моҳи Рамазон анҷом додаед, мақбули Худованд ва боиси лутфу карамаш дар ҳаққи ҳар яки Шумо бошад.
Орзуманди он ҳастем, ки бо фарорасии баҳору иди Навруз ҳамеша қалбҳоятон пур аз суруру шодӣ, чеҳраҳоятон чун гулҳои баҳорӣ шукуфон, зиндагиятон чун майсаҳои навбаҳор сарсабзу хуррам бошад.
Суғуртаи аввалини миллӣ ҳамеша дастгиру мададгори Шумо буд ва хоҳад монд.