Суғуртаи аввалини милли

Страховая компания

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамасола 15 март таҳти раҳнамоии Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳаракатҳои истеъмолкунандагон барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти мубрами истеъмолкунандагон дар саросари ҷаҳон муттаҳид мегарданд.

Соли 2022 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд ва тибқи он 15 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон қайд карда мешавад.

Ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, солимии миллат ва истеҳсолу воридоти маҳсулоти босифат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хоса медиҳанд.

Ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон

Истеъмолкунандагон ҳуқуқ доранд:

  • дар бораи молу хизматрасониҳо маълумоти боэътимод, пурра ва саривақтӣ гиранд;
  • маҳсулоти ба меъёрҳои бехатарӣ ҷавобгӯро интихоб намоянд;
  • аз байни пешниҳодҳои дастрас молу хизматрасониҳоро озодона интихоб кунанд;
  • дар сурати ошкор шудани камбудӣ ё вайрон шудани шартҳои муомила барои ҷуброн муроҷиат намоянд;
  • барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ ба суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ муроҷиат кунанд.

Мизоҷони ҶСП «Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ”» метавонанд дар сурати норозӣ будан аз сифати хизматрасонӣ ба мо муроҷиат кунанд. Шарҳу пешниҳодҳои шумо ба мо кӯмак мекунанд, ки хизматрасониро такмил дода, онро осонтар ва шаффофтар гардонем.

Дар ҳолати вайрон шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба рақами зерин муроҷиат намоед: +992 44 600 15 20.

Обратный звонок

Чтобы мы могли с вами связаться, заполните форму ниже.

Контактная информация

Страховой случай

Заполните все поля, чтобы мы рассмотрели страховой случай

Контактная информация
Информация о происшествии
Требуется ваше согласие