Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ» баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» дар тамоми нуқтаҳои хизматрасонии ташкилот QR-код насб намудааст.
Минбаъд ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт метавонанд маблағи суғуртаро дар нуқтаҳои хизматрасонӣ тавассути QR-код ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд.
Барои маълумоти иловагӣ ба рақами кӯтоҳи 78-78 муроҷиат намоед.