Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи Аввалини Миллӣ» тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд.
Истиқлолият барои ҳар яки мо рамзи озодӣ, ваҳдат, сулҳу субот, худшиносии миллӣ ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон мебошад.
Ба Тоҷикистони соҳибистиқлол пешрафту шукуфоии бештар, сулҳи пойдор ва ба ҳар як хонадони кишвар саломатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва рӯзгори осуда орзумандем.
Бигзор парчами Истиқлол ҳамеша парафшон ва Тоҷикистони азизамон ҳамеша ободу пешрафта бошад!
Иди Истиқлол муборак, Тоҷикистон!
Бо эҳтиром,
Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи Аввалини Миллӣ»