
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамасола 15 март таҳти раҳнамоии Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта мешавад ва дар ин рӯз, ҳаракатҳои истеъмолкунандагон барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкилоти мубрами истеъмолкунандагон дар саросари ҷаҳон муттаҳид мегарданд.
Соли 2022 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва тибқи он санаи 15 март ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон қайд карда мешавад.
Ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, солимии миллат ва истеҳсолу воридоти маҳсулоти дорои сифати баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хоса медиҳанд ва дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид кардаанд: «Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Тибқи қонуни мазкур истеъмолкунандаҳо ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ аз зарари мол (кор, хизматрасонӣ), бехатарии мол, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, маълумот доир ба мол, маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол расидааст, бехатарии муҳити зист дар мавриди истеҳсол ва муомилоти мол, изҳори назари худ оид ба мол ва муроҷиат ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худро доранд.
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи истеъмолкунандагон ҳамасола дар саросари ҷаҳон 15 март ҷашн гирифта мешавад ва таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад. Ин рӯз барои хотиррасон кардани аҳамияти риояи ҳуқуқҳои ҳар як харидор, инчунин зарурати баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқ ва имкониятҳои онҳо пешбинӣ шудааст. Ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон ҳамчун истеъмолкунанда, шумо ҳуқуқҳои зерин доред:
- Дар бораи молҳо ва хизматҳо маълумоти боэътимод, пурра ва саривақтӣ гиред:
- Маҳсулоте харед, ки ба стандартҳои бехатарӣ ҷавобгӯ бошад ва ба саломатӣ ва амволи шумо зарар нарасонад:
- Интихоби озоди молҳо ва хизматҳо аз байни пешниҳодҳои дастрас, дар ҳоле ки ширкатҳо вазифадоранд сифати маҳсулоти худро таъмин кунанд;
- Дар сурати ошкор шудани камбудиҳо, номувофиқатӣ ба хусусиятҳои эълоншуда е вайрон кардани шартҳои муомила барои ҷуброн муроҷиат кунед.
Мизоҷони ЧСП «ТС «Сугуртаи Аввалини милли» ҳамеша метавонанд муроҷиат кунанд агар онҳо аз сифати хизматрасонӣ норозӣ бошанд. Шарҳҳо ва пешниҳодҳои шумо ба мо кӯмак мекунанд, ки хизматро такмил диҳем ва онро осонтар ва шаффофтар гардонем.
Дар холати дучор шудан ба вайрон намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон метавонед дар рақамҳои дар поён зикр шуда муроҷиат намоед: +992 44 600 15 20