Ташкилоти суғуртавии “СУҒУРТАИ АВВАЛИНИ МИЛЛӢ” баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023 “Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар тамоми нуқтаҳои хизматрасонии ташкилот QR-код насб намудааст. Минбаъд ронандагону соҳибони воситаи нақлиёт метавонанд маблағи суғуртаро тариқи ғайринақдӣ дар нуқтаҳои хизматрасонӣ ба воситаи QR-код пардохт намоянд.
Барои маълумоти иловагӣ бо рақами кӯтоҳи 7878 муроҷиат намоед.