Ҳамдиёрони азиз!
Шуморо бо фарорасии Иди саиди Фитр ва ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрику муборакбод намуда, бароятон аз даргоҳи Худованди Карим сулҳу амонӣ, умри дарози бобаракат, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, зиндагии осудаву босаодат ва амалӣ шудани орзуву армонҳоятонро таманно менамоем.
Умедворем, ки тамоми тоату ибодат, хайру эҳсон ва корҳои неку савобе, ки дар моҳи Рамазон анҷом додаед, мақбули Худованд гардида, боиси лутфу карамаш дар ҳаққи ҳар яки шумо шавад.
Орзуманди он ҳастем, ки бо фарорасии баҳор ва ҷашни Наврӯз қалбҳоятон ҳамеша пур аз суруру шодӣ, чеҳраҳоятон чун гулҳои баҳорӣ шукуфон ва зиндагиятон чун майсаҳои навбаҳор сарсабзу хуррам бошад.
«Суғуртаи аввалини миллӣ» ҳамеша дастгиру мададгори шумо буд ва хоҳад монд.